Номбурда гуфт, дар лоиҳаи нави кодекси андоз, ки айни ҳол барои баррасӣ пешниҳоди шаҳрвандону соҳибкорон шудааст, нишон медиҳад, ки ҳадафҳои пешгузоштаи Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати содагардонидани кодекси мазкур ба пуррагӣ инъикоси худро наёфтааст. «Мақсад аз таҳияи кодекси андоз дар таҳрири нав, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта барои андозсупорандагон, кам кардани шумораи андозҳо, сода гардонидани кодекси мазкур ва умуман гузаронидани ислоҳҳоти пурра дар соҳаи андоз мебошад. Аз ин нуқтаи назар Шӯрои ҳамоҳангсози соҳибкорон зарур мешуморад, ки лоиҳаи кодекси пешниҳодшуда қабл аз ҳама баҳри ҳавасмандгардонии андозсупорандагон равона гардад. Яъне сода ва оммафаҳм гардонидани низоми андозбандӣ, кам кардани гаронии андозҳо, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ба миён ояд ва дар ин замина ба таъмини рушди босуботи иқтисодӣ мусоидат намояд»,-афзуд Некрӯй Забиров. Вай мегӯяд, айни замон дар низоми андози кишвар 17 намуди андози давлатӣ, 4 намуди маҳаллӣ амал мекунад, пешниҳоди онҳо бошад дар лоиҳаи нав чунин аст:
-Шумораи андозҳо то ба 11 адад коҳиш дода шавад, меъёри андозҳо то ба 40-50% кам карда шавад, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ба 15 ва 10% кам шавад, барои молистеҳсолкунандагон то ба 50% имтиёз дода шавад, андоз аз шахсони воқеӣ аз 13 то ба 10% ва барои даромадҳо аз ҳисоби дивидентҳо ва фоизи депозитҳо аз мардум аз 12 то 5 % кам шавад (дар Қазоқистону Қирғизистон тамоман чунин намуди андозро намесупоранд), андоз аз арзиши иловашуда аз 18 то ба 12% кам шавад ва андози иҷтимоӣ аз 25 то ба 11 % расонда шавад.
Ҷаноби Забиров қайд кард, ки аслан кодекси андоз ҷараёни ифодаи андозбандиро фаро гирифта, барои муайян намудани муносибатҳои мақомоти андоз ва андозсупорандагон хусусиятҳои ҳуқуқиву вазифавӣ, тартиби ҳисоббарории андозҳоро фаро мегирад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |