Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо ҷурми қаллобӣ бонуи 32 соларо боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД Сиёвуш Ғаюров, шаҳрванди 30 солаи Душанбе бо ирсоли аризае навиштааст, ки 27-уми март Зарина Бадруддинова бо роҳи фиреб ба боварияш даромада 14 200 доллари амрикоияшро гирифтааст. Бадруддинова ваъда кардааст, ки бо ин маблағ аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сабукрави тамғаи «Хундай-Элантра» меорад. Бар асоси аризаи Ғаюров кормандони милиса дар нохияи Синои шаҳри Душанбе Зарринаи 32 соларо дастгир кардаанд. Зимни пурсуҷӯ маълум шудааст, ки Бадрудинова айни замон дар ягон ҷо фаъолият намекунад.
Мӯҳр