Ҳамчунин, тибқи қарори мазкур «барои ташвиқу тарғиби бештари аҳолӣ ба намуди варзиши дав, таъмини оммавияти бештар ва омодасозии варзишгарони наврас, ҳамзамон дар муддату замони баргузории Ниммарафон байни наврасони 8 то 10 сола дар масофаи 3 км, аз 10 то 12 сола дар масофаи 5 км ва аз 12 то 15 сола дар масофаи 8 км мусобиқаҳои дав ташкил карда мешавад».
Ба иттилои манбаъ барои гузаронидани Ниммарафон аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 207 510 сомонӣ ҷудо мегардад.
«Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ба раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд»,-омадааст дар қарори мазкур.
Дар мусобиқа дастаҳо аз 14 шаҳри бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе даъват гардидаанд, ширкат меварзанд. Аъзои дастаи даъватгардида аз 1 нафар роҳбар (намояндаи шаҳр) ва 2 нафар варзишгар (1 мард ва 1 зан) иборат мебошанд.
Алоқамандону варзишгарони касбӣ, ки собиқаи ширкат дар чунин мусобиқаҳоро доранд ва шаҳрванди хориҷӣ маҳсуб мегарданд, аз қабили кормандони сафоратхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, инчунин варзишгарони хориҷии ба таври алоҳида муроҷиаткарда ҳуқуқи иштирок дар марафонро доранд.
Иштирокчиёне, ки 6 ҷои аввалро ишғол мекунанд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз мегарданд (мардон ва занҳо алоҳида).
Ғолиби ҷои аввал 16658 сомонӣ, муодили 3500 доллари амрикоӣ мегардад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |