Дар ҳар бахш беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои сарпарастони намоиш-озмун қадр шуданд. Чорабинии мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, раёсати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов, Истаравшан, Табошару Қайроққум, Спитамен ва Ҷаббор Расулов созмон ёфт.
-Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба болоравии маърифати экологии мардум, хусусан тарбияи насли наврасу ҷавон ҷиҳати дӯст доштани олами зинда мақоми хоса дорад,-гуфт сардори шӯъбаи ҳифзи наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ғафурҷон Каримов.
Муовини аввали раиси Ассотсиатсияи дӯстодорони табиати вилоят Толиб Ҳобилов гуфт, ки бори дувоздаҳум аст, ки намоиш-озмуни мазкур баргузор мешавад ва доираи иштирокчиёни он аз тамоми манотиқи вилоят ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст.
Бино ба маълумоти кумитаи тадорукот дӯстдорони табиати шаҳри Хуҷанд ҷои аввал, шаҳри Конибодом мақоми дуввум ва дастпарварони шаҳри Табошар зинаи сеюмро ишғол кардаанд.
Намоиш-озмуни 12-умини вилоятии «Парандагони хушхону ороишӣ ва моҳичаҳои аквариумӣ»-ро сокинону меҳмонони сершумори вилоят, аз ҷумла аз пойтахт ва кишвари Норвегия тамошо карда, таассуроти нек бардоштанд.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |