Бахшҳо
30 май 2011 12:27Иқтисодӣ

Чаро нархи гӯшт дар бозор боло рафт?

"Бозорро  ба истеҳсолотчӣ додан даркор. Деҳқон ҳеч вақт қиматфурӯш набуд. Қиматфурӯш ҳамон ҷаллобони беинсофанд. Агар роҳаш набошад қонуна дигар мекунам. Ҳамоне, ки истеҳсолот намекунад, дар бозор шиштанро манъ кардан даркор".



Э. Раҳмон: «Алимардонов, Қосимов, Тоҷикматлубот: пойтахти мамлакатро «заложник»- и 40 гӯштфурӯш кардед!»

Бо вуҷуди чораҳои андешидаи шаҳрдорӣ дар Душанбе мушкили бо гӯшт таъмин намудани аҳолӣ пачидатар шудааст. Баъд аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон қимати тамоми молу маҳсулот афзоиш ёфт.

Коршиносон болоравии нархи гӯштро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Бархе бар ин назаранд, ки бозори гӯшт монополияи чанд нафар тоҷир аст, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебаранд ва таъсири нархи сӯзишворӣ ба қимати гӯшт, ки дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон истеҳсол мешавад, чандон эҳсосшаванда нест. Аммо иддаи дигар чунин мешуморанд, ки ҳангоми ба бозор камтар ворид шудани гӯшт ва зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба ин навъи маҳсулот қимати он ҳатман боло меравад.

Ахиран, райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи нархи баланди гӯшт дар бозорҳои пойтахт ва норасоии он изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин супориш дод, ки аз вилояту ноҳияҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшону Данғара  ба Душанбе гӯштро бо нархи арзон харида бурда, ба аҳолӣ ба нархи арзон дастрас кунанд. Вай гуфт: «Алимардонов, вазири кишоварзӣ, тоҷикматлубот, шумо пойтахти мамлакатро «заложник»-и 40 гӯштфурӯш кардед. Гиред, сохтор кунед, набошад комбинати Душанберо ба ҳолати аввалааш баргардонед. Аз бонкҳо маблағ ҷамъ карда, аз ноҳияҳо чорво харида, пойтахтро бо гӯшт таъмин кунед. Худатонро мӯҳтоҷи 4 гӯштфурӯш накунед. Дар як рӯз дар бозори Данғара 3 ҳазор сар чорво медарояд. Нашавад дар пойтахт нуқтаҳои гӯштфурӯширо зиёд карда, аз Бадахшон қутос оред, аз Данғара мол харед ва аҳолиро таъмин кунед. Пеш аз ҳама танзими нарху наво вазифаи роҳбар, раиси вилоят, раиси ноҳия ва бозору Тоҷикматлубот аст.

Тасодуфҳо дар бозорҳои Тоҷикистон

Президент чунин мешуморад, ки маъмурияти бозорҳоро дидан даркор, эҳтимол аксари онҳо кадрҳои тасодуфӣ ҳастанд. Ҳамчунин, дар сӯҳбати ахираш дар ноҳияи Данғара изҳор дошт, ки агар тоҷирон нархро ба таври сунъӣ боло бурдан гиранд, ҷои онҳоро ба истеҳсолгарони ватанӣ медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки дар замони шӯравӣ аз ҳама нархи баланди гӯшт дар вилояти Суғд буд, ҳозир баръакс шудааст. Айбро надониста, ба ном тоҷирон аз вилояти Суғд чорво оварда истодаанд.

-Бозорро  ба истеҳсолотчӣ додан даркор. Деҳқон ҳеч вақт киматфурӯш набуд. Қиматфурӯш ҳамон ҷаллобони беинсофанд. Агар роҳаш набошад қонуна дигар мекунам. Ҳамоне, ки истеҳсолот намекунад, дар бозор шиштанро манъ кардан даркор.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар пойтахт 600 -700 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунад, вале ҳар сол проблемаи таъминот бо маҳсулот пеш меояд. Дар робита ба ин проблема президент гуфт:

-Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар мамлакат чорводорӣ сол аз сол афзуда истодааст. Аммо бозор баръакси ҳолро нишон медиҳад. Зиёда аз 92 фоизи чорво дар сектори хусусӣ мебошад ва баҳисобгирии нишондиҳандаҳои он дар сатҳи зарурӣ нест. Хоҷагии зотпарварии ноҳияи Панҷ ва Фархор ба номи «Ҳисор» даҳҳо ҳазор сар чорвои ҳисорӣ дошт, нест шуд, касе надид. Беҳтарин зоти чорво буд, ки то барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо минтақаи Кӯлобро бо чорвои хушзот таъмин мекард, балки солҳои аввали истиқлол парваришаш дар вилояти Суғд ҳам ташкил шуд ва ҳоло ба зиёда аз 30 ҳазор сар расидаст. Ба нестӣ оварда заданд, касе надидааст. Прокурор, амният, корҳои дохилӣ, ҳама шарик.  Зотпарварӣ нест шуда истодааст, чорвои хусусӣ зиёд гаштааст. Бозори истеъмолии маҳсулоти чорводорӣ аз ҳисоби аҳолӣ таъмин шуда истодааст.

Нархи гӯшт аслан 42 сомонӣ аст!?

Дар ҳамин ҳол, баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки қимати гӯшт аз норасоии он дар пойтахти кишвар мебошад ва дар ин ҷо роҳи ҳал на тарсонидани тоҷирон, балки ба талаботи аҳолӣ мувофиқ кардани молу маҳсулот мебошад. Сангалӣ Раҳимов, роҳбари хоҷагии деҳқонии оилавӣ мегӯяд, ки дар шароити феълӣ арзиши аслии як кило гӯшти истеҳсолкардаам 28 сомонӣ мешавад. Ӯ гуфт:

«Ҷуворимакка, ҷав ва алафи сабзро аз хоҷагии деҳқонии оилавиам мегирам. Мувофиқи ҳисобҳоям дар давоми 6 моҳи сол маблағи барои парвариши чорво сарфшудаамро ба «Агроинвестбонк» гузорам, бе ҳеч заҳмати зиёдатӣ 1150 сомонӣ фоида ба даст меояд. Реҷаи таъминоти хӯрок барои як килограмм фарбеҳшавии чорво дар як шабонарӯз 9,4 килограммро ташкил медиҳад. Акнун ҳисоб кунед, ки арзиши аслии он чӣ қадар мешавад? Хӯроки сабз 7 сомониву 30 дирам, хӯрокҳои омехтаи кунҷораву сабус 9, 50 дирам, дар маҷмӯъ  ба 16 сомониву 80 дирам барои як кило фарбеҳ шудани чорво баробар аст. Ғайр аз музди меҳнати нигоҳубинкунанда, қассоб ва дигар хизматрасониҳо. Гӯшт бошад 28 сомонӣ. Дар бозори шаҳри Қурғонтеппа бузу гусфандҳои харобе, ки ниёз ба фарбеҳкунӣ доранд, вазни ҳар як килограм гӯшт ба 25 сомонӣ рост меояд. Агар забҳ карда, гӯшти тоза гиред, ба 42 сомонӣ мерасад. Дар деҳаи мо шумораи чорвопарварон ба 50-60 адад мерасид, ҳоло баъди қимат шудани нарху наво ҳама молҳояшонро фурӯхта рафтанд, танҳо 6 -7 каси дигар мондааст. Имрӯз дар бозори Қӯрғонтеппа бо супориши шахсони масъул омада маҷбур карда истодаанд, ки гӯштро 21 сомонӣ фурӯшед. Қассобхонаҳо маҳкам аст ё дар дӯконҳо гӯшти харобу нолозим мондааст, ки мардум намехаранд. Ин дар ҳолест, ки чорвопарварон маҳсулоти ба чорво медодаро худ истеҳсол мекунанд, агар инро харидорӣ кунанд, нархи гӯшт ду баробар зиёд мешавад. Ҳоло дар заминҳо алаф нест, малах ҳамаашро нобуд кардааст. Вақти дар сари як мизи муколама нишаста самимона проблемаро ҳал кардан расидааст. Бо санги маломат ба суроғаи истеҳсолгарони гӯшт ҳаво додан проблема ҳал намешавад. Соҳибкор агар фоида набинад ба як кор даст намезанад.

Ба андешаи коршиносон аз Бадахшон ва Хатлон ба пойтахт овардани гӯшт бо нархи роҳкиро ва сӯзишворӣ боз ба арзиши аслии гӯшт таъсир мерасонад ва нархаш қимат мешавад. Сангалӣ Раҳимов мегӯяд, ки монополияе, ки тоҷирони сабӯсу кунҷорафурӯш доранд, агар нархро паст кунанд, имкон дорад, ки нархи гӯшт дар сатҳи муайян нигоҳ дошта шавад. Дар акси ҳол бо нарху навои имрӯза арзон кардани гӯшт ғайриимкон аст.{jathumbnail off}

Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)