Тавре аз дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе ба Озодагон иттилоъ доданд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳолати иҷрои дастури шаҳрдорӣ вобаста ба дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби селборишҳо аз ҷониби субъектҳои масъулу соҳибтавозун, аз натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи комиссияҳои депутатӣ раиси шаҳр гузоришҳоро баррасӣ намуда, таъкид сохт, ки бе ягон саҳлангорӣ раисони ноҳияҳо ва муассисаи давлатии «Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқии аз ҳудуди иншоотҳояшон каналу селпартоҳо убуркунанда тадбирҳои воқеӣ андешанд.
Дар ҷаласа инчунин дар радифи дигар масоили ҳаёти хоҷагидории шаҳр, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшаванда, ҳолати тадбиқи Нақшаи генралӣ дар маҳаллаи Ховарон, вазъи такмили лоиҳаи сохтмони иншооти беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳрӣ дар хиёбони Неъмат Қарабоев ва масъалаи вусъати ҷараёни корҳои омодагӣ ба роҳандозии азнавсозии иншооти дар қисмати марказии шаҳр- кӯчаҳои Аҳмади Дониш-Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ ҷойгирбуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |