Вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, такмили минбаъдаи сесатҳаи механизми ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ, таҳкими таъсири амалии давлатҳои узви СҲШ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар ҷаласаи мазкур будааст. Тавре ба Озодагон аз Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон иттилоъ доданд, иштирокдорони нишаст ҳамчунин татбиқи “Стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2011-2016”-ро муҳокима кардаанд.
Ба иттилои манбаъ ширкаткунандагони ҷаласа проблемаи афзоиши таҳдиди тавлиди мухаддироти афғониро барои минтақаи СҲШ таъкид карданд. Қайд карда шуд, ки миёни истеҳсолкунандагони маводи мухаддир, созмонҳои террористӣ ва ҷиноятҳои муташаккили мухаддиротӣ робитаи мутақобилаи наздик нигоҳ дошта мешавад. Ин ба бехатарӣ, субот ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ ва ба тартиботи ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонида, ба ҳаёти мӯътадили халқҳо таҳдид мекунад.
Гуфта мешавад, ҷаласаи навбатӣ соли 2013 дар ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |