Вай ҳамчунин ҳушдор додааст, дар сурате, ки Исроил эҳтимолан бо силоҳҳои мутаъориф ва маводи мунфаҷира ба таъсисоти атомии Эрон ҳамла кунад, ин масъала метавонад сабаби вуқуи ҷанги саввуми ҷаҳонӣ шавад.
Ба қавли Гросс: “Барномаҳое дар дасти анҷом ҳастанд, ки на танҳо муҳтавои ин шеъри маро ҳадаф қарор додаанд, балки алайҳи шахси ман вориди амал шудаанд, то барои ҳамеша ба шӯҳрати ман осеб ворид шавад, аммо ба ҳеч ваҷҳ ҳарфҳои худро пас нахоҳам гирифт”.
Дар ин миён, Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил бо калимоте хашмгин ба изҳори назар дар мавриди шеъри тозаи ин нависандаи машҳури олмонӣ пардохтааст.
Гонтар Гросс, шоир ва нависандаи барҷастаи олмонӣ ахиран бо интишори шеъре ба номи "Он чи бояд мегуфтам" ба сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи Исроил эътироз карда ва аз дунё хостааст, то дар баробари имконоти атомии Исроил вориди амал шаванд. Ӯ режими Исроилро хатаре бузург барои сулҳи ҷаҳонӣ хондааст.
Гуфтанист, дар бархе кишварҳои аврупоӣ изҳори назар кардан дар бораи Холокост мамнӯъ ва ҳарф задан дар ин бора, пайгарди қонунӣ дорад.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |