Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ҷануби кишвар миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар ҳудуди кӯчаи Шамсиддини Шоҳини шаҳри Кӯлоб шаҳрванд Алишер Аҳмадови 41соларо дастгир кардаанд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 211 грамм маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира шудааст.
Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр