Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон аснои вохӯрӣ Колер ҳамчунин таъкид кардааст, ки «минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонанд маро сафири энергетикии давлати худ дар Олмон бишуморанд. Эмомалӣ Раҳмон низ дар навбати худ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷумҳурии федеративии Олмонро яке аз шарикони асосии худ дар Аврупо мешиносад. Ба иттилои манбаъ аснои воҳурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика баррасӣ шудааст. Зикр гардид, ҳамшарикии ду кишвар асосан дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади таъмини рушди устувор сурат гирифта, соҳаи ҳаётан муҳими энергетикаро низ фаро гирифтааст. Штефан Колер аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Олмон, ки моҳи декабри соли 2011 дар Берлин сурат гирифта буд, ёдовар шуда бори дигар таъкид намуд, ки «азми Агентии энергетикии Олмон ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон устувор аст».
Ёдовар мешавем, дар мулоқоти соли 2011 Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика тасвиб шуда буд.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |