Рӯзҳои наздик дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли семент ба фаъолият оғоз мекунад.
Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, ки иқтидори корхонаи мазкур солона 100 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Ба иттилои манбаъ корҳои сохтмонии корхона ба анҷом расида, феълан мутаҳассисон таҷҳизоти заруриро насб мекунанд. «Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ «Суғд семент» бунёд гардида, феълан 2 мутахассиси хитойӣ ва 110 сокини маҳаллӣ дар ду баст ба корҳои насбу озмоиш ва компютеркунии таҷҳизотҳо машғуланд»,-афзуд манбаъ. Расми ифтитоҳи корхона охирҳои моҳи апрели ҳамин сол дар нақша аст.
Мӯҳр