Бахшҳо

Шӯрои машваратии Суғд аз мушкилоти зиёди бахши аграрӣ ёд кард

Имрӯз, 6-уми апрел дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд.

Таъмини рушди соҳаи парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот дар меҳвари гуфтугуҳо қарор дошт. Мирзоанвар Ахмедов, масъули бахши кишоварзии ҳукумати  вилояти Суғд оид ба мушкилиҳои мавҷудаи соҳа, аз ҷумла нокифоя будани нуриву заҳрдоруҳо, тухмиҳои хушсифат, тартиби мураккаби пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ ва андозӣ, набудани яхдонҳои бузургҳаҷм, кам шудани имконияти нигоҳдории маҳсулоти тару тоза, саривақт омода нагаштани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсим, паст будани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, пастравии сатҳи механиконикунонии корҳои агротехникӣ ба ташкили мубориза зидди касалиҳою ҳашароти зараррасон, инчунин монеаҳои сунъӣ ҳангоми ба расмият даровардани фаъолият дар идораҳои дахлдор  гузориш дод.

Зимнан, Наим Асроров, ҳамоҳангсози ташкилоти байналхалқии «JIZ» аз набудани имтиёз ҷиҳати воридоти таҷҳизоти технологӣ барои соҳибкорони ватанӣ, кӯҳнаву фарсуда гаштани хатҳои технологии мавҷудаи коркарди меваву сабзавот, нокифоягии маблағҳо барои захира намудани ашёи хом, сатҳи баланди фоизи қарзи бонкӣ, ҷавобгӯ набудани лаёқату малакаи роҳбарони соҳа ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ баён намуд.

Ҳамчунин дар бахши содироти маҳсулот пешниҳод шуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши соҳибкорон, роҳҳои ташкили реклама, иттилоъ ва қоидаҳои бозорҳои ҷаҳонӣ, ташкили комиссияҳои байнисоҳавӣ доир ба муайян намудани нархҳои мавсимӣ, тадбиқи равзанаи ягона барои гирифтани иҷозатномаи воридот ва содирот, ташкили марказҳои муттаҳидаи истифодаи техникаи хоҷагии қишлоқ ва ворид намудани технологияҳои замонавӣ, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар ба соҳибкорон кӯмак расонида шавад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)