Вакилони Эрон ба Маҳмуди Аҳмадинажод бештар бо суолҳо дар мавриди сиёсати хориҷӣ, дохилӣ ва масрафи буҷаи давлатӣ муроҷиат мекарданд. Аммо дар Тоҷикистон баъд аз истиқлол бо хоҳиши вакилон ҳисобот додани раиси ҷумҳур боре ҳам таҷриба нашудааст. Сӯҳроб Шарипов, вакили маҷлиси намояндагон мегӯяд, тибқи сарқонуни Тоҷикистон парлумон ҳуқуқ дорад, барои шарҳи баъзе аз масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву иҷрои буҷаи давлатӣ аз президенти кишвар ҳисобот талаб намояд: "Албатта ин маънои онро надорад, ки дар робита ба ҳар масъала мо метавонем Эмомалӣ Раҳмонро ба парлумон даъват намоем. Барои даъвати раисҷумҳур бояд баҳонаи ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад. Аз ин ки то имрӯз парлумони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳисобот даъват накардаанд, инҷо танҳо гуноҳи вакилони мардумист. Онҳо ҳисоботи раиси ҷумҳурро дар робита ба масоили кишвар зарур нашумориданд. Агар вакилони мардумӣ то имрӯз иқдоме барои даъвати президент мекарданд, ба назир ман чунин пешниҳодашон ҳеч вақт ҷавоби манфӣ намегирифт".
Идомаи матлабро бо нохун задан рӯи ин нишонӣ мутолиа намоед: https://www.ozodagon.com/s/item/16297
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |