Аз 1-уми июни соли равон дар хатсайри ҳавоии Рига-Душанбе-Рига рейси навбатӣ кушода мешавад.
Дар ин бора зимни мулоқоти намояндагони ширкати ҳавопаймои «Air Baltik» Дариус Вилтракис ва Руслан Самитов бо сардори хадомоти Фурудгоҳи байналмилмилалии Душанбе иброз гардид. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Маҳмадюсуф Шодиев, масъули маркази матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, минбаъд ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвозҳо дар хатсайри Рига-Душанбе-Рига, анҷом дода мешаванд. Парвоз намудани мусофирони тоҷикистонӣ, хориҷиёни кишварҳои соҳили Балтик, нимҷазираи скандинавӣ ва қисми шимолу шарқии Аврупо аз ҳамкории ширкати номбурда ва парвоз ба Душанбе манфиатдоранд. Дар ҳоле, ки равобити иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои соҳили Балтик рӯз аз рӯз зиёд гардида, ҳусни таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон меафзояд, барқарор намудани парвозҳо ба фоидаи ҳарду ҷониб аст, гуфт сардори шӯъбаи назорати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо Николай Тоҳиров. Ҷонибҳо аз ҳисоби ширкат тариқи толори тиҷоратии фурудгоҳ гузаштани мусофиронро ба мувофиқа расониданд. Намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Айр Балтик» пешниҳод кард, ки омодаанд кормандони фурудгоҳи Душанберо дар бахши хизматрасонӣ бозомӯзӣ намоянд. Ёдовар мешавем, ки ширкати «Айр Балтик» дар давраи зимистон парвозҳоро ба Душанбе муваққатан қатъ карда буд. Шурӯъ аз 23 апрели соли равон парвозҳо ба ин хатсайр барқарор гардиданд.
Мӯҳр