Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари фонди «Преспектива плюс» вазифаи нав гирифтанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷиарт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират Сафиалло Девонаев роҳбар ва Ойниҳол Бобоназарова муовини раиси шӯрои мазкур таъин гардиданд. Дар ин ҳамоиш масъулини вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳо ва ташкилотҳои муқими Тоҷикистон ва намояндагони Хадамоти муҳоҷират ширкат доштанд. Зимни нишаст, ки бори аввал аст дар Душанбе баргузор мегардад, роҷеъ ба иқдомҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини роҳандозии ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо дигар ташкилоту муассисаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Манбаъ мегӯяд, гузашта аз ин, дар ҷараёни ҷаласа муҳокимаи муштараки барномаҳои минтақавӣ, лоиҳаҳо ва грантҳо дар соҳаи муҳоҷиарти меҳнатӣ аз ҳисоби донорҳо ва ташкилотҳои байналмилалии мабалғгузор, ки дар Осиёи марказӣ ва Тоҷикистон фаъолият доранд, баррасӣ гардид. Масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, мақсад аз ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Хадамоти муҳоҷират, мусоидат намудан ба ин хадамот дар омода кардани пешниҳодҳо барои такмили минбаъда ва самаранок амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, баҳодиҳӣ ва азназаргузаронии пайвастаи вазъи амалишавии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бастани созишномаҳо ва шарномаҳои байналмилалию байнидавлатӣ ва гузашта аз ин, дар якҷоягӣ пиёда намудани чорабиниҳои мушаххас мебошад. «Ба Шӯрои ҷамъиятӣ иҷрои вазифаҳои гуногун, аз қабили омода намудани тавсияҳо роҷеъ ба қонунгузорӣ, баррасии мушкилиҳо ва афзалиятҳои соҳаи муҳоҷират, кӯмак расонидан дар интиқоли маблағи муҳоҷирон, муҳокимаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бахши муҳоҷират дохил мешавад»,-афзуд манбаъ. Бо таъсиси шӯрои мазкур, Хадамоти муҳоҷират ният дорад, бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва мукаммалгардонии сиёсати давлатӣ дар қонунгузории кишвар вобаста ба соҳаи муҳоҷират пайваста ҳамкорӣ намояд.
Мӯҳр