Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ панҷ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар натиҷа ин сониҳаҳо 6-нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надоштаанд. Тавре ба «Озодагон» сардори шӯъбаи тарғибот ва ташвиқоти раёсати БДА Азизмурод Аслонов иттилоъ дод, чортои ин садамаҳои нақлиётӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба қайд гирифта шуда, яктои дигараш дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст.
Аз ибтидои соли равон то санаи 29-уми май дар роҳҳои автомобилгарди кишвар ҳудуди 479 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 155 нафар ҳалок шуда, 542 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мӯҳр