«Сӯҳроб Шарипов солҳои тӯлонӣ ба ҳайси роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон фаъолият намуда, мутаассифона нисбат ба сиёсати муайяншудаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ва дар ин самт корҳое, ки таҳти роҳбарии бевоситаи роҳбари давлат дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба анҷом расидааст, изҳори беиттилоӣ менамояд, ё ин ки баҳои беасос медиҳад»,- омадааст дар баёнияи Вазорати энергетика ва саноат. Мавризи ёдоварист, Сӯҳроб Шарипов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 4 апрел аз фаъолияти вазорати энергетика ва саноати кишвар дар мавриди камбуди барқ шадидан интиқод кард. Сӯҳроб Шарипов зимни баррасии тарҳи қонуни нав "Дар бораи ангиштр" гуфт, ки дар сурати таъмини гармӣ дар манозили сокинони шаҳрҳо то 70 дарсади нерӯи барқ дар Тоҷикистон сарфаҷӯйӣ мешавад. Вай аз Гул Шералӣ, вазири энерергетика ва саноати кишвар суол кард, ки чаро дар тӯли даҳ соли ахир дар кишвар ҳеҷ нерӯгоҳи ҳароратӣ бунёд нашудааст? Номбурда ҳамчунин гуфт: "Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, чанд созишнома дар бораи сохтмони чунин нерӯгоҳҳо бо кишварҳои хориҷӣ имзо шудааст. Чӣ омил вуҷуд дорад, ки ин тарҳҳо иҷро намешаванд?"
Ба навишатаи бархе аз расонаҳои хабарӣ посухи Гул Шералӣ ба ин суоли вакил чандон дақиқ набуд. Вай асосан дар бораи тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ҳарф мезад ва танҳо гуфт, ки ҳоло сохтмони нерӯгоҳҳои ҳароратӣ дар Душанбе ва дар наздикии ноҳияи Конибодом, дар шимоли кишвар дар назар аст. Аммо дар баёнияи Вазорат энергетика ва саноат гуфта мешавад, ки Сӯҳроб Шарипов ҳамчун вакил аз дастовардҳои соҳа бехабар буда, метавонист ҳамчун вакил ё ин ки шаҳрванд оид ба дастовардҳои соҳаи энергетика ва саноат аз вазорат маълумоти дақиқ дастрас намояд: «Шурӯъ аз соли 2000-ум соҳаи ангишт аз пастравӣ рӯ ба инкишоф ниҳод. Вазорат бо дастгирии бевоситаи ҳукумат тавонист, шумораи корхонаҳои соҳаро аз 2 ба 14 расонад. Истихроҷи ангишт аз 20 ҳазор то 236 ҳазор тонна дар як сол расонида шуд. Ин шароит фароҳам овард, ки 80 корхонаи соҳаи саноати маводи сохтмон, 27 корхонаи металлургӣ, 17 корхонаи консервабарорӣ, 6 корхонаи сементбарорӣ, 1 корхонаи шишабарорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ монанд, ки ин вобастагии онҳоро аз гази табиӣ ва қувваи барқ озод намуда, ба фаъолияти мунтазами онҳо мусоидат намуд. Ҳамзамон, технологияи коркарди хокаи ангишт барои истеҳсоли брикет ва аз ангишт истеҳсол намудани газ ба роҳ монда шуд. Тавре ба назар мерасад, бо дарки мушкилоти нерӯи энергетикӣ, Вазорат барои гузаронидани корхонаҳои саноатӣ ба истифода аз ангишт қабл аз ҳолати имрӯза, яъне пурра қатъ гардидани гази табиӣ ба кишвар, боло рафтани арзиши сӯзишворӣ якчанд сол қабл оғоз намуда, шумораи умумии ин гуна корхонаҳоро ба 131 адад расонид. Ба соҳа зиёда аз 7 миллион сомонӣ дастгирии молиявии давлатӣ ва 14 миллион доллари ИМА сармоя ворид карда шуд, ки ин базаи техникии корхонаҳоро мустаҳкам намуд. Воридоти техникаҳои махсуси кӯҳӣ аз 35 то 213 адад расонида шуд».
Масъулини Вазорати энергетика ва саноат вобаста ба баҳодиҳии Сӯҳроб Шарипов таъкид намудаанд, ки дар соҳаи нафту газ маҳз баъд аз таъсис додани Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ аввалин бор дар бист соли охир корҳои иктишофӣ-геологӣ оғоз гардидааст.
Мӯҳр
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |