Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи васеи гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз дар назди котиботи Шӯрои миллии рушд оид ба таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 сурат пазируфт.
Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни ин ҳамоиш масъалаи густариши ислоҳоти иқтисодӣ, таҳияи стратегияи миёнамӯҳлати навбатӣ барои солҳои 2013-2015 ва ҳадафҳои стратегию афзалиятҳои миллии кишвар баррасӣ гардид. Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо роҷеъ ба ҷараёни тадбиқи афзалиятҳои миллӣ дар доираи стратегияҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлат суханронӣ намуда, равандҳои афзалиятноки минбаъдаро дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии зикргардида ва қадамҳои ояндаро мутобиқ ба таҳияи хуҷҷати мукаммал барои давраи миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 мувофиқ арзёбӣ намуд. Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин дар рафти ҷаласа бо иштироки аъзоёни гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз музокирот доир гардида, оид ба сохтор ва консепсияи стратегияи мазкур таклифу пешниҳодҳо баён гардид.
ид
Мӯҳр