Дар ин дидор Маризо Халифазода, сардори раёсати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи мухаддири Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Лилия Захариева, мушовири дафтари Комиссарияти олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Маҳкам Маҳмудов ҳамчунин иброз дошт, ки Тоҷикистон ба ҳама тааҳҳудоти байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва манъи шиканҷаву хушунат пойбанд аст. Зимнан, Маризо Халифазода гуфт, ки айни замон бо назардошти меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид шудаанд: «Дар ин аснод аз ҷумла гуфта мешавад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои алоқаманд ба шиканҷа ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 15 сол, ҳамчунин маҳрум намудан аз ҳаққи ишғоли вазифа дар оянда пешбинӣ шудааст».
Маврид ба ёдоварист, соли 1995 Тоҷикистон Муоҳада бар зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳо ё ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаро, ки Ассамблеяи Генералии СММ соли 1884 қабул карда буд, расман пазируфт. Соли 2010 бо Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, Прокуратураи генералӣ, судҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамчунин намояндаи раёсати Комиссарияти олии СММ оид ба ҳуқуқи башар ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ як гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки вазифаи он роҳандозии семинарҳо ва мулоқот бо кормадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар оид ба шиканҷа мебошад. Дидори намояндагони гурӯҳи ёдшуда бо кормандони Агентӣ низ аз ҳамин силсиламулоқотҳои он бо намояндагони сохторҳои қудратӣ ба шумор мерафт.
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |