Ширкати хадамоти интернетии Yahoo! эълон кардааст, ки 2 ҳазор кормандашро рухсат медиҳад.
Дар иттилоияи Yahoo! гуфта мешавад, ки ба 14 дар сад коҳиш додани теъдоди кормандон бахше аз барномаи боло бурдани самаранокии ширкат аст, ки имкон медиҳад, он бештар фоидаовартар гардад.
Гуфта мешавад, бо коҳиши кормандон солона ширкат 375 миллион долларро сарфа хоҳад кард. Аммо Yahoo! маҷбур аст, ба бештари рухсатшудаҳо ҷуброни якдафъаина пардохт намояд, ки ҳаҷмии умумии он то ба 145 миллион доллар мерасад.
Дар чор соли ахир ин бори шашум аст, ки ширкати мазкур теъдоди кормандонашро коҳиш медиҳад. Дар маҷмуъ теъдоди ин нафарон 6 ҳазор гуфта мешавад.
Соли 2011 даромади ширкат 1 миллиард доларраро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли 2010 200 миллион доллар камтар мебошад.
Мӯҳр