Дар гузориши тозаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ), ки мизони рушди фанновариҳо дар 142 кишвари ҷаҳонро барои соли 2011 раддабандӣ кардааст,
Тоҷикистон дар зинаи 114-ум мақом дорад. Миёни кишварҳои ИДМ Қазоқистон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Пажӯҳишгарони ФҶИ онро дар мақоми 55-уми рейтинг нишондаанд. Нишондоди кишварҳои дигар чунин аст: Русия 56, Озорбойҷон 61, Укроин 75, Молдов 78, Арманистон 94 ва Қирғизистон 115-ум. Аз давлатҳои пасошӯравӣ бошад, нишондоди беҳтарро Эстония (24), Литва (31), Латвия (41) ва Гурҷистон (88) соҳибанд.
Швейсия, Сингапур, Финляндия, Дания, Швейсария, Ҳоланд, Норвегия, ИМА, Канада ва Бритониёи Кабир чун солҳои қаблӣ даҳгонаи аввалро муаррифӣ мекунанд.
Дар охирин зинаҳо Чад, Мавритания, Ангола Яман ва Гаитӣ нишастаанд.
Мӯҳр