ИМА афродеро, ки дар амалӣ кардани ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 муттаҳам мешаванд, расман айбдор кардааст.
Ба иттилои расида, Холид Шайх Муҳаммад ва чор ҳамаслаки ӯ дар таҳия ва роҳандозии ин ҳамлаҳо дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Вашингтон ва Шенксвилл, ки бар асари онҳо 2976 нафар ба ҳалокат расиданд, даст доштаанд. Муттаҳамин ҳоло дар маҳбаси Гуантанамо нигаҳдорӣ мешавнад. Қарор аст, баъди 30 рӯзи дигар додгоҳҳои низомӣ баррасии айбномаҳоро дар ҳамин зиндон оғоз бикунад. Дар сурати исбот шудани айбномаҳо, ки терроризм, одамрабоӣ, куштор ва тахриби молу мулк аст, ин панҷ нафарро ҳукми қатл таҳдид мекунад.
Амрико шабакаи «Ал-Қоидар»-ро масъули ҳамлаҳои 11 сентябр медонад.
Мӯҳр