Миёни ширкати «Гиговатт Глобал» ва Вазорти энергетика ва саноати Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, тибқи санади баимзорасида бо ин ширкат дар самтҳои ҷалби сармоя, лоиҳакашӣ, бунёд ва ба истифодадиҳии электростансияҳои офтобӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ хоҳад шуд: «Дар навбати аввал ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти барқи офтобӣ бо иқтидори 10 мВт насб карда шуда, минбаъд сотмони онҳо дар ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст».
Манбаъ таъкид намуд, ки ёддошти тафоҳум аз ҷониби Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат ва президенти ширкати аврупоии «Гиговатт Глобал» Ҷозеф Абрамович ба имзо расонида шуд.
Мӯҳр