Саноати кимиёии Тоҷикистон дар ҳоли пешравӣ қарор дорад.
Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноати кишвар имсол корхонаҳои саноати кимиёвӣ дар ҳаҷми 7,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108% афзоиш ёфтааст. Ба иттилои манбаъ, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот крони қурғошим, сеоксиди молибден, панҷоксиди ванадий, нитрати қурғошимӣ ва оксиди никел ҳамчун маҳсулотҳои нав ба роҳ монда шуда, барои коркарди металли сурбу симоб корҳои амалӣ рафта истодааст. Ҳамчунин, дар назар аст корхонаи истеҳсоли криолити ноҳияи Ёвон то охири соли равон мавриди истифода қарор гирад, ки дар ин корхона 500 нафар бо ҷои кори нав таъмин мегараданд.
Мӯҳр