Дар Тоҷикистон соли чорум аст, ки бозиҳо барои дарёфти «Супер Ҷоми Тоҷикистон» гузаронида мешавад.
Ин навбат, аниқтараш баъд аз зӯҳри имрӯз (4-уми апрел) сабқат барои дарёфти ҷоиза миёни тимҳои Истиқлол ва Регар-ТадАз баргузор мешавад. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАз», ки яке аз муддаиёни аслии ин Ҷом аст, иброз дошт, ки мутаасифона, дар ду бозии гузашта мо «Супер Ҷоми Тоҷикистон»-ро ба даст оварда натавонистем. Номбурда аснои як мусоҳиба бо хабарнигори Озодагон гуфт, ин навбат барои барандаи ин Ҷом шудан омодагии зиёд дидем ва чун ҳарвақта бо дили пур ва бо нияти пирӯз шудан рақобат мекунем.
-Мақсади ба сабқат ворид шудани мо ба даст овардани «Супер Ҷоми Тоҷикистон» аст. Барои пирӯзӣ заҳмат кашидан лозим ва баъд умедвор шудан даркор, ҳар дастае, ки пирӯзӣ мехоҳаду соҳиби Ҷом шудан мехоҳад, бояд ба ҳама гуна рақобат омода бошад…
Идомаи матлаб бо фишурдани ин линк дастрасатон мешавад:https://www.ozodagon.com/sr/item/16285
Мӯҳр