«Ҳадя» барои маълумот оид ба муовини пешвои «Лашкари Тайиба» Ҳофиз Абдулло Раҳмон Маккӣ бошад, ду миллион доллар гуфта мешавад.
Гурӯҳи "Лашкари Тайба" дар амалиёти терористии шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар соли 2008 муттаҳам мешавад. Он замон бар асари ҳамлаи террористон 166 нафар, бо шумули шаш табааи ИМА низ ба ҳалокат расиданд.
Баъди ҳамлаи Мумбай Саид дар Покистон ҳабси хонагӣ шуд. Аммо баъдтар додгоҳ ӯро бегуноҳ донист. Ҳиндустон талош дорад, аз тариқи пулиси байнулмилал- Интерпол Саидро боздошт ва муҷозот кунад. Расонаҳо менависанд, ки Саид ва Маккӣ дар ҳудуди Покистон ошкоро фаъолият мебаранд.
ИМА "Лашкари Тайиба"-ро моҳи декабри соли 2001 созмони террористӣ эълон кард. Моҳи апрели соли 2008 Вашингтон изҳор дошт, ки ҳамчунин масъалаи ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кардани созмонҳои «Ҷамоат-уд-Даъва»-ро, ки зергурӯҳи қонунии «Лашкари Тайиба» дониста мешавад, баррасӣ хоҳад кард. «Ҷамоат-уд-Даъва» низ аз сӯи Саид таъсис ёфтааст.
Гурӯҳи «Лашкари тайиба» барои аз Ҳиндустон ҷудо кардани Кашмир мубориза мебарад. Ин созмон аввалҳои солҳои 90-ум ба фаъолият оғоз кардааст.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |