Дар доираи татбиқи Барномаи «Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мубориза бар зидди нашъамандӣ» рӯзи 4 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе дар бинои Кумитаи миллии олимпӣ маросими супоридани грантҳои хурд баргузор мегардад.
Тавре аз дафтари матбуоти кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар озмуни грантҳои хурди Барнома ҷавонон аз ҳисоби 150 нафар тарғиботчиёне, ки аз 7 мавзеи ҷумҳурӣ шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат ва ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб, ҳамчун тарғиботчии фаъол омода мегарданд, ширкат варзиданд. Грантҳои хурд дар ҳаҷми 1400 сомонӣ барои 12 Лоиҳа ҷудо мегардад. Давомнокии Лоиҳа дар мӯҳлати ду моҳ пешбинӣ шудааст.
Барномаи мазкур аз ҷониби Академияи миллии олимпии Тоҷикистон ва Шӯъбаи оид ба мубориза ба паҳншавии нашъамандии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Шарикони Лоиҳа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» мебошанд. Мақсад аз ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаю маҳорат ва дигар сифатҳои пешоҳангии ҷавонон мебошад.
Мӯҳр