Фонди дастгирии Аврупо дар «Маркази таълими калонсолон»-и вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ семинар доир мекунад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд, ҳамойиши мазкур имрӯз шурӯъ гардида, то 31-уми май идома мекунад. Гуфта мешавад, ин семинар ба «Рушди фаъолияти мактабҳои таҳсилотӣ» башида шуда, дар он роҳбарони омӯзишгоҳҳои касбӣ -техникӣ ва дигар муассисаҳои ташкилотҳои касбӣ иштирок доранд. Ин ҳамойиш ба рушди фаъолияти ташкилотҳои касбӣ ва соҳаи омӯзгорӣ таъсири худро хоҳад расонид.
Мӯҳр