Гуфта мешавад, дар ярмарка ба ҳамаи хоҳишмандон, ки аксарияташонро донишҷўён, мактаббачагон ва мутахассисони ҷавон ташкил мекунанд, имконият дода мешавад, то дар бораи барномаҳои таълимие, ки дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз он мавҷуданд, иттилооти зарурӣ ба даст оранд. Дар ярмарка ташкилотҳо ва миссияҳои дипломатии зерин ширкат мекунанд: Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон; Сафорати ИМА дар Тоҷикистон; Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон; Донишгоҳи Осиёи Марказӣ; Донишгоҳи Давлатии Тюмен; Донишгоҳи Давлатии туркии Озгун; ACCELS (Шўрои Америкоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ); DAAD (Хадамоти Олмонии Мубодилаҳои Академиявӣ); TEMPUS (The trans-European mobility scheme for university studies); Шўрои байналмилалӣ оид ба тадқиқотҳо ва мубодилаҳои илмӣ (IREX); Маркази фарҳангии «Бактрия»; Маркази таълимии «Мултикид»; ТҶ « Азия стар»; Ташкилоти «Архидея консалтинг».
Дар чаҳорчўбаи Ярмаркаи солонаи таълимӣ намояндагони ташкилотҳои мазкур дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмўи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кўмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ мегузаронанд. Шахсони манфиатдор метавонанд оид ба барномаҳои дилхоҳашон бевосита дар ярмарка саволномаю брошюраҳо пайдо кунанд.
Чунин чорабиниҳо вақтҳои наздик дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон , аз ҷумла: 17 апрел дар ш. Хуҷанд, 20 апрел дар ш. Кӯлоб, 21 апрел дар ш. Қӯрғонтеппа ва 24 апрел дар ш. Хоруғ баргузор хоҳанд шуд.
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |