Манбаъ мегӯяд, шумори мазкури одамон барои гирифтани кӯмаки тиббӣ муроҷиат кардаанду бас ва ин омор бозгӯкунандаи теъдоди нашъамандон дар кишвар нест: «Зимни як ҷаласа, ки дар ин муассиса баргузор шуд, Бунафша Одинаева, муовини аввали директор АНМН низ ширкат дошт ва қайд гардид, ки сабти номи мубталоён ба нашъамандӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳоест, ки солҳои дароз чун як мушкилот барои ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ боқӣ мондааст».
-Ин аст, ки зарурати аз нав дида баромадани санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда ва таҳияи механизми дурусти ошкорсозии беморони мубтало ба нашъамандӣ пеш омадааст.
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ошкорсозӣ ва тартиби сабти номи беморони гирифтори нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони прокуратураи генералӣ, вазоратҳои тандурустӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, созмонҳои ҷамъиятии “РАН”, “РОСТ”, “Спин плюс”, “Нури умед”, Ҳамоҳангсози барномаҳои ЮНОДК, барномаи “СПИД Фонд Восток-Запад”, ҳамоҳангсози миллии барномаи “КАДАП”, ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди мадад (СОРОС), Намояндаи Фонди глобалӣ ширкат доштанд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |