Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 31-уми март бо Ҷеймс Метис, роҳбари нерӯҳои хушкигарди ИМА мулоқот кард.
Ин гуфтугӯ паси дарҳои пӯшида сурат гирифт. Гуфта мешавад, мавзӯи меҳварии мулоқот масоили минтақаӣ будааст. Ҷонибҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон, ки қаблан ваъда шуд, пас аз дидори як ба як анҷом мешавад, худдорӣ карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон сӯҳбат бо рӯзноманигорон бо хоҳиши Ҷеймс Метис баргузор нашудааст.
Мӯҳр