Донишҷӯи мошиндузд боздошт гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, дар бораи ин ҳодиса аризаи шаҳрванд Фарзона Алиева, истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара, кӯчаи И. Шарипов, хонаи 178 ворид гардид. Рӯзи 29-уми майи соли равон шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кӯчаи Бинокорон автомашинаи шахсии ӯ тамғаи «Лексус-РХ330» ғайриқонунӣ рабудааст, ки арзишаш 20000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аснои баргузории чораҳои фаврӣ- ҷустуҷуӣ шаҳрванд Сорбон Алиеви 18 сола, донишҷӯи бахши 1-уми литсеи касбии техникии ноҳияи Данғара дастгир карда шуд.
Тафтишоти ин қазия идома дорад.
Мӯҳр