Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Зайнал Гаҷиев, роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ҳадаф аз баргузории мулоқот ин баррасии дастовардҳо ва васеъ намудани доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва лоиҳаҳои дар амал ҷоришуда мебошад.
Бино ба қавли манбаъ, аснои нишаст ҷаноби Гаҷиев қайд кард, ки СБМ барои беҳбудии муҳоҷирон дар сари вақт тамоми чораҳои лозимиро меандешад, то вазъи саломатӣ ва дигар камбудиҳои дар умури муҳоҷират ҷодоштаро бартараф созад: «Аммо мо наметавонем, амнияти онҳоро таъмин намоем, аз ин рў мо ҳамкории худро дар самти бехатарии муҳоҷирон бо Вазорати корҳои дохилӣ боз ҳам тақвият мебахшем».
Ҳамчунин дар мулоқот масоили марбут ба мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, эъломияҳо оид ба масоили ҳамкории густурда дар соҳаи муҳоҷират, пешгирии ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ ва хариду фурўши одамон, ки яке аз праблемаи глобалӣ аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
-Дар анҷоми нишаст Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки мо ҳамеша барои ҳамкориҳои судбахш бо Созмони байналмилалии муҳоҷират омодаем,-афзуд сарчашмаи хабар.
Мӯҳр