Бахшҳо
30 мар 2012 06:23Хабарҳои ҷаҳон

Президент аз унвони илмиаш маҳрум гардид

Чунин тасмимро донишмандони Донишгоҳи Земмелвайс  дар қиболи Пал Шмитт, президенти Маҷористон  гирифтаанд.

Ба қавли Тивадар Тулассай, ректори донишгоҳи мазкур, диссертатсияи доктории Шмитт ба меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии кори илмӣ мувофиқат намекардааст.  Барои лағви унвони илмии президент 33 аъзои шўрои илмӣ райъ додаанд. Ҳамагӣ 4 нафар аз ин тасмим ҷонибдорӣ накардааст.
Пал Шмитт диссертатсияи доктории худро дар мавзўи "Таҳлили барномаҳои Бозиҳои олимпии муосир»-и соли 1992 дар донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Маҷористон, ки баъдан ба ҳайати донишгоҳи Земмелвайс шомил шуд, ҳимоя кардааст. Моҳи январи соли 2012 маҷалаи HGV-и Венгрия диссертатсияи Шмиттро мавридди таҳлилу баррасӣ қарор дода ба хулосае расид, ки дар он пораҳои тағирнахўрда аз кори Николай Георгиев, олими булғор фаровон истифода шудааст.
Барои санҷиши рисолаи доктории президенти Маҷористон комиссияи вижае мураққаб аз чор профессор ва ҳуқуқшинос таъсис шудааст. Дар гузориши комиссия, ки 29-уми март нашр шуд, навишта шудааст, ки беш аз 200 саҳифаи дисертатсияи 215 саҳифагии Шмитро «тарҷумаи мустақим» аз дигар корҳои илмӣ ташкил медиҳад. Дар ин ҳол, комиссия дар ин кор на унвонҷў, балки омўзгорони донишгоҳи тарбияи ҷисмониро гунаҳкор кардааст. Ба қавли онҳо маҳз муаллимон бояд иҷоза намедоданд, ки Шмит аз матни «бегонаҳо» дар кораш истифода кунад. Намояндаҳои аҳзоби мухолиф баъди дар плагиат муттаҳам шудани президент аз ў даъват кардаанд, ки ба истеъфо биравад. Аммо Шмитт алъон тасмими тарки вазифаро надорад.
Пал Шмитт ягона сиёсатмадоре нест, ки дар плагиат барои ҳимояи унвони илмӣ гунаҳкор мешавад. Соли 2011 аз рисолаи илмии вазири дифои Олмон Карл-Теодор   Гуттенберг намунаҳои зиёди асардуздӣ ошкор гардида, унвони доктории ӯ лағв шуд. Пас аз чанд рӯз Гуттенберг ба истеъфо рафт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)