Аснои баргузории амалиёти вижаи кормандони милиса дар Душанбе миқдори зиёди маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, рӯзи гузашта зимнияк амалиёт дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт шаҳрванд Ашраф Ғуломови 38- сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати Ангурбоғ дастгир карда шуд: «Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ, 2 килою 618 грамм маводи нашъадори ”бангдона” ва 8 килою 248 грамм маводи нашъадори ”ҳашиш” (ҳамаги 10 килою 866 грамм) дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан доғи судӣ дошта, пеш бо моддаҳои 212 ва 201 кодекси ҷиноӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр