Бахшҳо

ММ МО 48 масъаларо ба баррасӣ гирифт

Дирӯз, 29-уми март дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси ММ МО-и кишвар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон сурат пазируфт.

Тибқи иттилои Шафқат Сайидов, ёвари райиси ММ МО оид ба масоили равобит ба ҷомеъа ва ВАО, дар нишаст аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 48 масъалаҳои дар он шомилгардида, шурӯъ намуданд.

Манбаъ афзуд, аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисон, муовин ва узви Кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов, Ғайбулло Афзалов ва Матлубахон Сатторова пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳодёфтаро бо мавриди муҳокима қарор додан, ҷонибдорӣ намуданд.

Зимнан, 9 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи ташкилотҳои таҳсилоти иловагӣ», Дар бораи экспертизаи экологӣ« ва «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ин зимн аз қабили масоили мавриди дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ буданд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)