Ба иттилои дафтари матбуотии президенти давлати исломӣ Ҳомид Карзай генерал Ғулом Форуқ Боракзайро сарфармондеҳи пулиси низомӣ ва масъули интиқоли зиндони Багром ба ҳукумати Афғонистон таъин намуда, фармон додаст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута баъди таҳқиқу баррасӣ маҳбусони бегуноҳро раҳо созанд.
Зимнан, Ғулом Форуқ Баракзай низ аз эътимоди раисҷумҳури кишвар ибрози сипос намуда, ваъда додаст, ки минбаъд дар маҳбаси Багром бо зиндониён рафтору бархурди инсонӣ сурат хоҳад гирифт.
-Мо инро собит хоҳем кард, ки афғонҳо худ метавонанд масъулияти кишварашонро бар дӯш гирифта, тамоми корро муваффақона пеш баранд,-гуфтааст генерали афғон.
Гуфтанист, тибқи аҳдномаи тасвибшуда маҳбаси Багром тайи шаш моҳи дигар бояд ба таври комил ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон вогузор шавад. Ҳоло ин зиндон таҳти назорати нерӯҳои НАТО қарор дорад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |