Аснои аз матни суханрониаш берун рафтан, президенти кишвар ба таърихи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали неругоҳи Роғун ишора кард. Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин бор аст, ки таърихи баҳрабардорӣ аз чархаи аввали неругоҳи обии Роғун дар Тоҷикистон эълом мешавад ва аз саргирии иҷрои тарҳи бунёди неругоҳи "Роғун" тайи чанд соли ахир ба ихтилофоти шадиде байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон доман задааст.
Кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон бо иҷрои ин тарҳ башиддат мухолифат карда ва гуфтааст, ки он барои арсаи кишоварзӣ ва вазъияти муҳити зисти минтақаи Осиёи Миёна паёмадҳои зиёнборе хоҳад дошт.
Аммо мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, ки мутолиаи мукаммали тарҳи неругоҳи Роғун дар замони шӯравӣ ва аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии Ӯзбакистон анҷом шуда, Тошканд дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳаводорони асосии бунёди Роғун буд.
Ба назари аксари коршиносони тоҷик, мухолифати Ӯзбакистон ба эҳдоси Роғун бештар ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро Тошканд ҳозир нест, Тоҷикистонро ба ҳайси яке аз содиркунандагони асосии барқи минтақа бинад.
Гуфтанист, сохтмони неругоҳи Роғун соли 1976 оғоз шуда, то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 40 дар сади корҳо дар ин пружа ба маблағи беш аз 800 миллион сӯм (рубл-воҳиди пули СССР) иҷро шуда буд.
Бар асоси тарҳи мавчуд неругоҳи Роғун бо иқтидори умумии 3600 МВт ва садди 335 метрӣ, дар сол беш аз 13 млрд кв/соат барқ тавлид хоҳад кард.
Барои анҷоми комили корҳои сохтмонӣ дар ин пружа наздики 3 миллиард доллар сармогузорӣ зурур аст.
Бояд гуфт, аз соли 2008 ба ин сӯ аз буҷаи давлати Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи Роғун наздики 500 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст.
Инчунин, дар соли 2010 давлати Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои неругоҳи Роғунро ба роҳ монд, ки то кунун сокинони кишвар ба маблағи беш аз 830 миллион сомонӣ, муодили 180 миллион доллар саҳмияҳоро харидорӣ кардаанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |