Манбаъ афзуд, конфронс аз ҷониби намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ФОКУС Кўмакҳои башардўстона дар Тоҷикистону Афғонистон, Донишгоҳи Захираҳои табиӣ ва фанҳои амалии Вена-Институти заминшиносии амалӣ (BOKU/IAG) ва Барномаи Дастгирии рушди ҷомеаҳои минтақаҳои кӯҳсори Қирғизистон (MSDSP КГ) гузаронида мешавад. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи «Ҳифзи муҳити зист ва Идоракунии боустуворӣ захираҳои табиӣ ва инчунин энергия» маблағгузорӣ мегардад.
Гуфтанист, вазоифи аслии пружа аз ташкил ва арзёбии донишу маълумот оиди робитаҳои мутақобила байни экология, хавфҳои ҳодисаҳои нохуш ва камбизоатӣ дар ҷомеаҳои интихобшудаи қад-қади дарёи Панҷ (дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон) ва водии Алай (дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон) барои баландбардории устувории ҷомеаҳои маҳаллӣ бар муқобили офатҳои табиӣ таъмини платформа барои муҳокимаи стратегияҳои интеграсияи устувории экологӣ дар сатҳи сиёсӣ, бо баландбардории огоҳӣ оиди сабабҳо ва оқибатҳои экологияи ноустувор тавассути паҳнкунии донишу маълумот оиди усулҳои таъсирбахш мебошад.
Мӯҳр
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |