Бахшҳо
28 май 2011 08:55Гузориш

Муноқишаи навбатӣ барои курсии президентӣ

Кумитаи оид ба ахлоқи Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) тафтишотро нисбати раҳбари ин ниҳод Ҷозеф Блаттер дар мавзӯи даст доштанаш дар фасоди молӣ шурӯъ кардааст.

Ин тафтишот аз рӯи даъвои муовини Ҷозеф Блаттер, ҳамзамон сарвари Федератсияи футболи қораи Осиё ва рақиби ӯ дар интихоботи навбатии Президенти ФИФА Муҳаммад  Бин Ҳаммам сурат хоҳад гирифт. Нисбати худи Муҳаммад бин Ҳаммам низ бо ҷурми фасоди молӣ ҳафтаи гузашта Кумитаи оид ба ахлоқ тафтишотро шурӯъ карда буд.  Кумитаи оид ба ахлоқи ФИФА гуфтааст, шурӯъи тафтишоти даъвои Муҳаммад бин Ҳаммам нисбати ракибаш дар интихоботи навбатӣ Ҷозеф Блаттер тибқи моддаи 16-и Кодекси ахлоқи ФИФА сурат гирифтааст, ки дар он омадааст: «Шахсони масъул вазифадоранд оиди тамоми ҳаракатҳо дар бораи шикасти қойидаҳои рафторе, ки тибқи ин муқаррарот пешбинӣ шудааст, хабар диҳанд. Шахсоне, ки нисбаташон чунин маъулмот расидааст, вазифадоранд бо талаби ниҳоди ваколатдор барои тафтиш дар хусуси даромадҳояшон ҳуҷҷат пешниҳод намоянд».

Баррасии ин қазия дар ҷаласаи навбатии ФИФА пагоҳ сурат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи чопи Инглистон «Sunday Times»  гуфтааст, далелҳоеро дар даст дорад, ки аз муҷримии 2 нафар узви Кумиҷроияи ФИФА дар фасод бозгӯӣ мекунад. Бино ба навиштаи «Sunday Times»  ду нафар узви Кумиҷроияи ФИФА Исса Аяту ва Жак Анума овозҳои худро барои баргузории мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар соли 2022 дар Қатар бар ивази 1, 5 миллион доллар фурӯхтаанд.

Акнун «Sunday Times»  бо тақозои ФИФА манбаи хабарии худро дар ин ниҳод маълум кардааст ва баррасии ин қазия аз сӯи масъулини ФИФА шурӯъ гардидааст. Дар сурати дайн шудани далели фурӯши овозҳо эҳтимоли қуръапартоии такрорӣ барои муайян намудани мизбони баргузории мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар соли 2022 ҷой дорад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти ФИФА ба 1 июни соли 2011 муқаррар шудааст, ки дар он довталабони асосӣ Ҷозеф Блаттер ва Муҳаммад бин Ҳаммам мебошанд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)