Манбаъ афзуд, оқои Зуҳуров нахуст ҳамтоёни худро бо 20-умин солгарди таъсисёбии Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрик гуфта, аз ҷумла иброз намуд, ки боиси сарфарозии мост, ки муддати 20 сол мо дар паҳлӯи ҳамдигар фаъолият намуда, ҳамеша аз мавқеъҳои муштараки кишварҳои иттиҳоди мазкур пуштибонӣ менамоем.
Аснои суханронии худ Шукурҷон Зуҳуров дар ин нишаст гуфт, Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои ИДМ дар системаи муносиботи байнипарлумонии байналмилалӣ ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил гардидааст ва ман умедвор ҳастам, ки гиромӣ доштани 20-умин солгарди ин созмон, натанҳо обрӯ ва нуфузи ниҳоди моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардорад, балки раванди устувореро дар рушду равнақи парлумонҳои кишварҳои аъзои он ба вуҷуд хоҳад овард.
Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ, имрӯз, 27-уми март бо Раиси Луи Ҷиргаи Ассамблеяи Миллии Давлати Исломии Афғонистон Абдулло Рауф Иброҳимӣ мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Афғонистони ҳамсояи худ ҳамеша ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон боқӣ хоҳад монд ва аз мавқеи ин кишвар дар ҳамаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард:
«Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сулҳу суботи комил дар Афғонистон буда, хостори пешрафтҳои чашмрас дар ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони худ аст
-Мавзӯҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз масъалаҳои дигари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Абдулло Рауф Иброҳимӣ буданд, -афзуд манбаъ.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |