Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:«Ҷаноби Олӣ, бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сидқан табрику таҳният мегӯям.
Тайи солҳои аз ин санаи хотирмон сипаришуда байни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила равобити дар воқеъ ҳам ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта,ба сатҳи назаррас расидаанд».Ҳамзамон, дар номаи худ президенти ҶТ навиштааст, ки сатҳу сифати ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду давлат мӯътадил буда, рушду тавсеаи он ба нафъи ҳар ду ҷониб аст: «Боиси қаноатмандист, ки имрӯз бар асари саъйю талошҳои муштарак муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Австрия фарогири соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо буда, масири густариши зина ба зинаро касб кардаанд.Бо таманнои саодату хушрӯзиҳои минбаъда ва комёбиҳои рӯзафзун ба аҳли ҷомеаи Австрия сарфарозам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дастовардҳои нав ба нав дар фаъолиятатон орзу намоям”.
Мӯҳр