Маҳмуди Аҳмадинажод дар идомаи суханрониаш афзуд: "Бидуни ҳар гуна таҳмил ва дахолати бештар иҷоза диҳанд, давлат ва миллати Афғонистон ҳокимияти миллии худро ба таври комил эъмол намоянд. Мутмаин бошанд, бо рафтани онҳо ҷараёни маводди мухаддир ва терроризм ҳам рӯ ба завол хоҳад рафт. Бидуни тардид, давлати Афғонистон ва мардуми афғон қодиранд давлати худро ба хубӣ идора кунад.
Президенти Эрон сабаби аслии бӯҳрони Афғонистонро "сиёсатҳои тавсеъаталабонаи НАТО ва давлатҳои узви он» маънидод карда гуфт, то замоне ки ин сиёсатҳо барқарор аст, ислоҳи вазъ мушкил хоҳад буд. Аҳмадаинажод аз давлатҳои узви НАТО, бавижа Амрико даъват кард, ки аз "сиёсати хасмона"-и худ алайҳи миллатҳо даст кашанд:"Ин ба нафъи худи онон аст. Давраи имперотуриҳо ба поён расидааст. Касоне, ки аз таърих ибрат нагирифтанд, муҷозот хоҳанд шуд."
Тибқи иттилои расида, асное ки Маҳмудинажод ин ҳарфҳоро ироа дошт, намояндагони ҳайати амрикоӣ таҳти сарварии Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷаи ИМА ҳамойишро тарк карда, пас аз анҷоми суханронии ӯ ба толор баргаштанд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |