Имрӯз, 26-уми март, дар Душанбе ҳамойиши байнулмилалӣ дар мавриди вазъ ва амнияти Афғонистон ба кори худ шурӯъ мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон дар ин конфронс қарор аст, сарварони кишварҳои Эрону Афғонистон ва Тоҷикистону Покистон ширкат ва суханронӣ кунанд. Ҳамчунин Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Марк Гроссман, намояндаи вижаи ИМА дар Афғонистону Покистон ва Ян Кубиш, фиристодаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, низ ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш вориди Душанбе шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш меҳмонони зиёде аз кишварҳои Туркия, Олмон, Амрико, Эрону Покистон ва Афғонистону соири дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр