Бахшҳо

Таркиши норинҷак ва сӯхтори як мусофиркаш дар ноҳияи Синои пойтахт

Шахсе, ки дирӯз (25-03-2012) дар назди бинои мавсум ба Автовокзали шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Синои пойтахт бо норинҷаки дастӣ мусаллаҳ буду онро ба кор даровард, дар пайгарди қонунӣ қарор дошт.


Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, дар таърихи рӯзи 03-03-2012  дар корхонаи «Обшорон»-и шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой ҷинояти роҳзанӣ содир карда шуд, ки дар натиҷа 7 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Оиди ин ҷиноят шаби 24 ба 25 марти соли 2012, 5   нафар ашхосе, ки аъзоёни гурӯҳи мутшаккили ҷиноятпеша буданд, дастгир карда шуданд.
Манбаъ афзуд, аз  рўи нишондоди дастгиршудагон ин гурӯҳи муташаккилро ҷинояткори махсусан хавфноки дар кофтуков қарордошта, Одинаев Худойназар Шарипович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар содир кардани ҷиноятҳои роҳзанӣ, куштор, ва бандитизм даст дошт, роҳбарӣ мекард. Ҳангоми дастгир кардани ҷинояткор Одинаев Худойназар  дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе, назди бинои Автовокзал муайян карда шуд, ки ӯ бо худ ду адад норинҷак дорад :«Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чораҳои дастгиркунӣ амалӣ карда шуд, ва дар ин ҳолат ҷинояткор норинҷакро ба кор даровард. Вале кормандони милитсия тавонистанд, бо истифодаи силоҳи оташфишон ӯро безарар гардонанд ва ин ҳангом норинҷаки ба кор даровардашуда ба таркиш омад, ки ҷинояткор Одинаев Х. Ш. аз ҷароҳати вазнини бардошта ба ҳалокат расид».

Гуфтанист, аз аз кормандони милитсия ва шаҳрвандон касе зарар надид.

Дар ҳамин ҳол, шоми рӯзи гузашта, дар соати 17-00 дар назди маркази савдои «Моҳи нав» воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Газел» таҳти идораи шаҳрванд Ҳомидов Киромиддин, соли таваллудаш 1966 сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз хориҷ шудани газ оташ гирифта, сӯхтор ба амал меояд. Ин сӯхтор саривақт аз ҷониби кормандони бахши сӯхторнишонии ҳамин ноҳия дарҳол хомӯш карда мешавад. Бар асари ин сӯхтор низ касе зарар надидааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)