Бинои нави Китобхонаи миллӣ дар Душанбе ба истифода дода шуд.
Дар ин маросим, ки бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва доираи васеъи зиёиён сурат пазируфт, президент гуфт, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонид. Рӯзе, ки хишти нахустини Китобхонаи миллӣ гузошта шуд, мо онро дар кишвар ҳамчун Рӯзи китоб эълон кардем.
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тарҳи бинои нави китобхона гуфт, агар таваҷҷӯҳ карда бошед, қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро акс менамояд ва ин гувоҳ аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда, дарҳои Китобхонаи миллии мо ба рӯи дӯстдорони китоб ва ҷӯяндагони илму дониш ҳамеша боз хоҳанд буд.
Қайд шуд, ки барои тақвият ва такомули бахши китобдорӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар даҳ соли охир се барномаи давлатӣ - «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»-ро қабул кард.
Гуфта мешавад, масоҳати умумии китобхона қариб 45 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Китобхона дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хизматрасонист, ки ҳамаи онҳо ба талаботи меъёрҳои ҳозиразамон ҷавобгӯ мебошанд.
Маврид ба ёдоварист, айни замон дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1330 китобхонаи оммавӣ фаъолият дошта, танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхонаи нав дари худро ба рӯи хонандагон боз намуд. Ба ҷуз ин, дар саросари кишвар 120 мағозаи фурӯши китоб фаъолият дорад ва танҳо соли гузашта 20 фурӯшгоҳи нави китоб ба истифода дода шуд.
Мӯҳр