Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти Дабири кулли ин ниҳод, Баҳрулло Раҷабалиев ва сафири Британиёи Кабир Робин Орд Смит сурат пазируфт.
Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи КМО ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, зимнан Котиби Генералии кумита Баҳрулло Раҷабалиев дар бораи варзишгарони тоҷик, ки ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, маълумот дод.Ҳамчунин, дар нишаст баррасии барномаи вижаи КМО доир гардид. Дипломати англис гуфт, ки мо ҳамчун мизбони ин бозиҳо омодаем, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолиятро ба роҳ монем.Ёдрас менамоем, то имрӯз аз ҷумҳурии Тоҷикистон 4 варзишгар ҷиҳати ширкат дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд ва 3 каси дигар ба таври имтиёз ширкат хоханд кард.
Мӯҳр