Тақвими дигар чорабиниҳои ҳукумати Душанбе ба таври зайл аст:
20-21 март аз соати 10 00 ташкили намоишҳои русуми Наврӯзӣ ва барномаҳои идонаи консертӣ дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр дар Боғи Ирам, Боғи Ғалаба, майдони 800-солагии Москва, гулгашти ба номи Мироненко ва Боғи Дӯстии Халқҳо.
22-уми март баргузории чорабиниҳои идонаи Наврӯзӣ дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр.
23-уми март соати 14 00 мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе.
арт маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе.
25-уми март, соати 11 00 намоиши фарҳангии театрикунонидашудаи «Ошёни Наврӯз» ва дар фарҷоми он дар ҳаҷми 7 дақиқа баргузории фейрверки рӯзона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (даромад бо даъватнома).
27-уми март, соати 10 00 Пойгаи равони сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (арзиши чиптаҳои воридотӣ 5 сомонӣ).
Ҳамзамон, бояд хотиррасон намуд, ки аз 10 то 20 марти соли 2012 баҳри ғановати дастурхони идонаи сокинон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишварзӣ дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе ташкил карда мешаванд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |