Бахшҳо

SOS: Ҳалокати як нафар дар Ишкошим. 50 нақлиёт дар асорати «барф»-и Дарвоз

Ҷасади як нафар дар дар роҳи Хоруғ- Ишкошим аз зери тарма ёфт шуд.

Тибқи иттилои ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Бадахшони Кӯҳӣ, ҷасади Афзалшо Шосафоев, субҳи имрӯз (19 март) дар минтақаи Ниводак, воқеъ дар панҷкилометрии шаҳри Хоруғ пайдо гардидааст: «Марҳум корманди идораи оташнишонии шаҳри Хоруғ буда, як рӯз қабл зери барф мондааст».

Бино ба қавли манбаъ, тайи чор рӯзи ахир ҳаракат дар масири Хоруғ-Душанбе, Душанбе-Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ ва Мурғоб-Хоруғ мушкил шуда, ду рӯз боз умуман роҳҳо баста шудаанд, шаҳри Хоруғ феълан дар муҳосираи табиӣ қарор гирифтааст: «Резиши барфи зиёд ва тармафароӣ боиси комилан аз байн рафтани 22 ва қисман тахриб шудани 12 манзили маскунӣ дар нуқоти мухталифи вилояти Бадахшон шудааст.

Тибқи иттилои ахир, ки аз идораи умури изтирории вилояти Бадахшон расид, ахиран тарма дар маҳалли фурудгоҳи шаҳри Хоруғ маркази фурӯши маводи сӯзишвории мавсум ба “Шарқ”-ро комилан аз байн бурдааст.

Гуфта мешавад, дар масири Дарвоз-Ванҷ ҳудуди 50 мусофирбар бо шумули 200 нафар мусофирон роҳбанд шуда, дар рустоҳои Кеврун ва Курговади Дарвоз ба сар мебаранд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар ин миён ба қайд нарасидааст.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)