«Сулаймон Амиршоев, ки дарбони сирки Душанбе аст, барои ба кор рафтан соати 6-у 30 дақиқаи субҳ берун баромада, ҳудуди як соат нақлиёти мусофирбарро интизор гаштааст. Номбурда афзуда, ки дар роҳ одамони зиёде буданд, аммо маоршруткаҳо ангуштшумор буданд. Ронандаҳо ҳам ин фурсатро ғанимат дониста нархи роҳкироро ба хости дили худашон ситониданд».
Ҳамзамон, бобои Сулаймон гуфт, ки аз назди бозори Саховат то истгоҳи Сирк 3 сомонӣ ҳаққи роҳкиро пардохт кардам. Ба ронанда гуфтем, ки додар наход, ки ҳамагӣ се истгоҳ меравем ту 3 сомонӣ талаб куни? Ӯ мегӯяд, бобо агар нахоҳӣ маҷбур намекунам, фароед. Аммо ман маҷбур будам, ки дар вақти лозима ба ҷойи кор ҳозир шавам. Бобо Сулаймон афсӯс хӯрда мегӯяд, ман аксари вақт ба воситаи троллейбус ба ҷойи кор меомадам, мутаасифона, ин саҳар ҳар қадар, ки барвақт баромадам, вале дар роҳ ягон троллейбус ҳаракат намекард.
Танзимгарони хатсайрҳои мусофирбари бошанд, иллати ба пуррагӣ ҳаракат накардани воситаҳои нақлиётро дар хатти сайрашон ба резиши зиёди барф рабт медиҳанд. Зеро дар ин хел рӯзҳо на ҳамаи ронандаҳо ба кор баромада метавонад. Вале баъзеи дигарашон иддао дорад, ки то ҳол ягон мушкилие надоранду аз ҷониби мусофирон шикоят нашудааст. Абдурашид Розиқов, танзимгари хатсайри рақами 14 мегӯяд, дар ин хатсайр ҳамарӯза то 50 маршрут ва аз ин ҳам зиёд ҳаракат мекарданд вале имрӯз бо сабаби он ки барфи зиёд бориду ҳаракат дар роҳ душвор гардидааст, на ҳамаи ронандаҳо ба кор баромадаанд. Айни ҳол ҳамагӣ 46 ё 47 машрут рафтаву омада истодаанд, ки барои сари вақт расонидани мусофирон ба ҷойи лозима басандагӣ намекунад. Ин хатсайр ба ду қисм ҷудо карда шудааст, ки ҳаққи роҳкиро аз аввал то охири хатсайр 80 дирам муқаррар карда шудааст.
Аз субҳи барвақти имрӯз (19-уми март) мусофирони зиёде дар роҳҳои назди маҳаллаи Гулистону Сирк интизори нақлиёти мусофирбар буданд, ки аз сӯҳбат бо эшон маълум шуд, ки аксарият маршрути 2-ро интизорӣ мекашанд. Онҳо мегӯянд, аз ҳаррӯза дида барвақттар ба роҳ баромада буданд, вале наметавонанд, ки ба зудӣ ба коргоҳашон ҳозир шаванд.
Дар ҳамин ҳол, резиши зиёди барф натанҳо ба ҳаракати воситаи нақлиёт халал ворид кард, балки мушкилиҳои зиёдеро низ дар пай дошт. Бо сабаби чаппа шудани дарахтон ба болои хатҳои интиқоли барқ дар аксарияти маҳаллаҳои пойтахт қувваи барқ қатъ гардидааст.
Феълан, сарбозони вазорати дифоъи Тоҷикистон ба кӯчаҳо баромада, дарахтонро аз барф тоза мекунанд. Дастаи наҷоти Кумита ҳолатҳои фавқуллодда бошад, то ин соат 29 ҳодисаи фавқуллодаро бартараф намудаанд, ки аксарияти ин ҳодисаҳо аз ҳисоби чаппа шавии дарахтон ба амал омада буданд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |